Муносибатҳои Тоҷикистон бо Индонезия

01.03.2013 10:10

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Индонезия 27 августи соли 1994 барқарор шудаанд.

Сафорати Ҷумҳурии Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқомат дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон қарор дорад. Ҳамзамон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия масъули ҳамкориҳои дипломатӣ бо Ҷумҳурии Индонезия мебошад.

Қобили зикр аст, ки соли 2024, дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Индонезия дар Остона, ҷонибҳо 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Индонезияро дар шаҳри Душанбе таҷлил намуданд.

Соли 2016 сафари давлатии давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Индонезия анҷом дода шуда буд.

19-25 майи соли 2024 сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Бали (Ҷумҳурии Индонезия) ҷиҳати иштирок дар 10-умин Форуми ҷаҳонии Об таҳти унвони “Об барои шукуфоии муштарак” (10th World Water Forum “Water for shared Prosperity”) баргузор гардид.

Тиҷорат:

Ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвари дӯст дар асоси Созишномаи тиҷоратӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия, инчунин дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ амалӣ мегарданд. Дар ин замина, соли 2017 ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Индонезия оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардид, ки раисии онро муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дошт.

Дар давраи моҳи январ – декабри соли 2024, ҳаҷми табодули мол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Индонезия 5 млн 631 ҳазор доллари ШМА-ро ташкил медиҳад.

Маориф:

Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Индонезия оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи маориф имзо гардида, танзимдарории он дар барномаҳои гуногуни таълимию омӯзишӣ амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, дар чаҳорчӯбаи барномаи Дармасисваи Ҷумҳурии Индонезия (барномаи омӯзишии бурсиявӣ барои хориҷиён) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади омӯзиши фарҳанг ва забони индонезӣ дар он кишвар таҳсил мекунанд.

Фарҳанг:

Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Сафорати Ҷумҳурии Индонезия дар Остона бо мақсади шиносоии бештари мардуми Тоҷикистон бо фарҳанг ва тамаддуни Ҷумҳурии Индонезия маҳфили фарҳангӣ дар бораи таърих, фарҳанг ва дастовардҳои миллии кишвари Индонезия баргузор намуд.

Ҳамкориҳо дар арсаи байналмилалӣ:

Ҳар ду ҷониб бо қаноатмандӣ сатҳи баланди ҳамкориҳои ду кишварро дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Исломӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷонибаи минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамкорӣ менамоянд.

Тоҷикистон ва Индонезия ҳамкории наздик ва созандаро дар чорчӯбаи СММ идома медиҳанд ва ҳамчунин аз ташаббусҳои минтақавию байналмилалии кишварҳои ҳамдигар пуштибонӣ хоҳанд кард.

02.03.2025

Нигористон

Тақвим