Ширкат ва суханронии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ дар чорабинӣ бахшида ба ташаббуси “Як камарбанд ва як роҳ”

12.04.2017 11:48

11 апрели соли 2017 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар чорабинии “Ташаббуси як камарбанд ва як роҳ: Мусоидати он дар пешбарии Ҳадафҳои рушди устувор”, ки дар қароргоҳи СММ бо ташаббуси Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ (UN DESA) ва Намояндагии доимии Хитой дар СММ баргузор гардид, ширкат ва суханронӣ намуд.

Намояндаи доимӣ зимни суханронӣ ташаббуси “Як камарбанд ва як роҳ”-ро бо назардошти аҳамияти он ҷиҳати таҳкими муносибатҳои гуногунҷабҳаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, хусусан кишварҳои маҳсур дар хушкӣ муҳим арзёбӣ намуд. Тазаккур дода шуд, ки амалӣ намудани ташаббуси мазкур ҳамчунин ба татбиқ намудани Рӯзномаи 2030 ва Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад кард.

 Ширкат ва суханронии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ дар чорабинӣ бахшида ба ташаббуси “Як камарбанд ва як роҳ”

Нигористон

Тақвим