21 январи соли 2014 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Душанбе Бандар Муҳаммад Ҷамил баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо бо қаноатмандӣ таъкид карданд, ки муносибатҳои байни ду кишвар дар сатҳи баланд қарор доранд.
Дар рафти суҳбат паҳлӯҳои гуногуни ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, сармоягузорӣ, маориф, энергетика, кишоварзӣ ва ғайра мавриди муҳокима қарор гирифта, ҷонибҳо дар бораи роҳҳои густариши робитаҳо дар ин соҳаҳо ба таври муфассал табодули назар карданд.