20 январи соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олга Гаврукро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои сиёсӣ ва робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистону Беларусро баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо ба робитаҳои Тоҷикистону Беларус дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ки амалигардонии мувофиқаҳои бадастомадаро дар соҳаҳои мухталиф ҳамоханг месозад, баҳои мусбат доданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин зарурати густариши ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла, омўзиш ва омода намудани кадрҳоро дар донишгоҳҳои олии Тоҷикистону Беларус тасдиқ намуданд.