Мақолаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Точикистон, Сироҷидин Аслов таҳти унвони “Тарҳи истифодаи об дар арсаи байналмилалӣ", дар ҳафтаномаи "Бадахшон"-и Афғонистон ба нашр расонида шуд, ки ба ташаббуси нави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028 ва Қатъномаи МУ СММ дар ин хусус бахшида шудааст.
Ҳафтаномаи "Бадахшон" дар вилоятҳои чоргонаи шимолу шарқи Афғонистои (Бағлон, Қундуз, Тахор ва Бадахшон) паҳн мешавад ва тавассути чопи мақолаи мазкур аз ҷониби Консулгарии ҶТ дар Бадахшони ҶИА дар ин нашрия, ҷавонон, равшанфикрону кормандони давлатии Афғонистон, барои муаррифӣ ва шинохти ҳар чи бештари ҷанбаҳои созандаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият пайдо намуданд.