Муносибатҳои Тоҷикистон бо Муғулистон

01.03.2013 10:10

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон 24 апрели 1992 барқарор шуданд.  

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон бо қароргоҳ дар ш. Нур-Султон) ҷаноби Ибодзода Хайрулло (11.06.2019) ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Муғулистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш. Нур-Султон) ҷаноби Лувсан Баттулга (21.11.2017) таъйин шудаанд.

23 марти 2009 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муғулистон баргузор гардид.

11 сентябри 2014 вохӯрии президентҳои Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Шӯрои Сарони давлатҳои узви СҲШ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Зимни мулоқот мавзӯъҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-фарҳангӣ мавриди баррасӣ карор гирифт.

20 сенятбри 2016 вохӯрии вазирони корҳои хориҷии ду кишвар дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи 71-ум иҷлоси Маҷмаи Умумии СММ баргузор гардид.

13 октябри 2018 дар доираи ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои СҲШ дар шаҳри Душанбе мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муовини Сарвазири Муғулистон баргузор гардид.

15 апрели 2019 дар Душанбе дуюмин давраи машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Муғулистон баргузор гардид.

15 июни 2019 дар 5-умин Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Душанбе, ҳайати Муғулистон иштирок кард.

Заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии ду кишварро 5 санади дуҷониба ташкил медиҳад.

Нигористон

Тақвим