28 феврали 2014 дар Анкара машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия баргузор гардиданд. Ҳайатҳои ҷонибҳоро Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов ва Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Али Камол Ойдин роҳбарӣ намуданд.
Ҳайатҳои ду кишвар масъалаҳои авлавиятноки муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорату иқтисод, нақлиёту энергетика ва фарҳангу маориф, ҳамкории дукишвар дар чаҳорчуби Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои дигари байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавии мавриди эҳтимоми муштарак мубодилаи афкор карданд.
Дар ҳошияи машваратҳои дуҷониба мулоқоти роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ноиби вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ночи Куру баргузор шуд. Бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳ ва муҳтавои ҳамкории дуҷониба, ҷонибҳо алоқамандии худро ба густариш ва тавсеаи бештари муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Туркия таъкид карданд.