8 марти соли 2014 дар доираи сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ба Русия мулоқоти ӯ бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров доир гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба масъалаҳои мубрам ва ҷанбаъҳои сиёсии ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин оид ба масоили таъмини амният дар минтақа мубодилаи афкор намуданд.
Тарафҳо дар он тавофуқанд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия дар заминаи принсипҳои боварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва шарикии стратегӣ асос ёфта, муколамаҳои сиёсии сатҳи олӣ онҳоро бештар тақвият мебахшанд.
Дар рафти суҳбат инчунин раванди иҷрои қарордодҳои дар сатҳи олӣ бадастомада ва санадҳои дуҷонибаи дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ имзошуда, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин ҷонибҳо аҳамияти фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русияро оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва зарурати истифодаи иқтидору имконоти пурраи онро ҷиҳати густариши минбаъдаи робитаҳо қайд намуданд.
Дар анҷоми гуфтушунидҳои сиёсӣ Барномаи ҳамкориҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия барои соли 2014 ба имзо расонида шуд.