Вазорати корҳои хориҷӣ шуморо бо иди касбиатон «Рӯзи матбуот» аз самими қалб табрику таҳният гуфта, ба шумо пеш аз ҳама тандурустиву рӯзгори ободро таманно дорад.
Матбуоти тоҷик нақши муҳим ва муассирро дар рушду нумӯи кишвари азизамон, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон мебозад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки шумо намояндагони ВАО имрӯз рисолати хешро дар ҷодаи расонидани иттилоот, инъикоси дастовардҳо ва мушкилиҳои ҷомеаи мо ва ҳифзи манфиатҳои мардум ва миллии Тоҷикистон поквиҷдона ва бо масъулият иҷро карда истодаед.
Умедворем, ки ҳамкориҳои мутақобилаи мо минбаъд низ дар фазои якдигарфаҳмӣ ва дӯстона идома меёбанд.
Бори дигар аз фурсат истифода карда, ба шумо иқболи неку толеи баланд ва дар фаъолияти касбиатон муваффақиятҳои нав ба навро орзу менамоем.