Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Дабири кулли СММ

12.03.2014 12:00

11 марти соли 2014 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун баргузор гашт.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, алалхусус баъди хурӯҷи Нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон, тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ, нақши Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон табодули назар карданд. Мусоҳибон инчунин истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва сарчашмаҳои таҷдидшавандаи энергетикиро матраҳ намуданд.

Нигористон

Тақвим