Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Муовини котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо

24.08.2017 17:43

24 августи соли 2017 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) ҷаноби Андрей Василев баргузор гардид.

Зимни мулоқот тарафҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону UNECE, аз ҷумла дар соҳаи иқтисод, савдо, нақлиёт, муҳити зист, инчунин масъалаҳои марбут ба татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 мубодилаи афкор анҷом доданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” 2018-2028 ҳамкориҳои судмандро идома диҳанд.

 

Нигористон

Тақвим