Муносибатҳои Тоҷикистону Туркия

31.01.2024 10:08

Ҷумҳурии Туркия яке аз аввалин кишварҳое буд, ки 16-уми декабри 1991 Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намуд. Рӯзи 29-уми январи 1992 муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар роҳандозӣ шуданд.  Соли 1992 дар Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Туркия фаъолиятро оғоз кард ва соли 1995 дар Анқара Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Содиқ Имомӣ 4-уми январи 2025 ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар 1-уми феврали 2023 таъйин шудаанд.

Дар тӯли 34 соли муносибатҳои дипломатии ду кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Туркия 8 бор (моҳи майи 1996, октябри 1998, ноябри 1999, октябри 2002, июни 2004, январи 2006, марти 2009, декабри 2012) ва Президенти Ҷумҳурии Туркия аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 бор (сентябри 1995, ноябри 2001, майи 2009 ва июни 2019) боздидҳои расмию корӣ ба амал оварданд.

Дар асоси даъвати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯзи 1-3-юми декабри соли 2025 сафари расмии Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нумон Куртулмуш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2019, июни 2021, феврали 2024 ва июни 2025 ба Ҷумҳурии Туркия ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия октябри соли 2016,  марти 2021 ва январи 2024 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарҳои расмию корӣ анҷом доданд.

Лозим ба зикр аст, ки машваратҳои сиёсии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия мунтазам барпо мешаванд. То кунун 9 давраи машваратҳо доир гардидаанд. Ҳамзамон машваратҳои консулӣ байни Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия амал мекунад.

Дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2025 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия 376 миллион 559,4  ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод, ки аз  он 198 391 долл. ба содирот ва 178 168, 4 долл. ба воридот рост меояд. Туркия дар бахши содирот панҷумин шарики асосии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар рушди ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ нақши муҳим дорад ва то имрӯз 12 нишасти Комиссия дар Душанбе ва Анқара баргузор гардидааст.

Маҷмуан, солҳои 2007-2024 ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус саноат, хидматрасонӣ ва савдо беш аз 285 млн. доллари ИМА сармояи туркӣ, аз ҷумла 151,6 млн. доллар сармояи мустақим ҷалб шудааст.

Ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар аз умқи таърих сарчашма мегиранд. Тоҷикистон ва Туркия дорои мероси фарҳангии муштарак мебошанд, ки бо номи мутафаккирони бузурги ҷаҳонӣ, монанди Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ иртибот дорад. Дар ин замина бо ташаббуси ҳарду ҷониб барои гиромидошти ин чеҳраи мондагор 19-20-уми октябри 2018 дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони “Мавлоно - васлгари халқҳо ва тамаддунҳо” баргузор гардид.

 

20.02.2026

Нигористон

Тақвим