Ҳаштумин нишасти аршади кишварҳои узви Муколамаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон

20.03.2014 10:00

19 марти соли 2014 дар шаҳри Токио, Ҷопон, Ҳаштумин нишасти аршади кишварҳои узви Муколамаи Осиёи Марказӣ+Ҷопон баргузор гашт, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов ширкат варзид.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаи рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаҳои мухталиф мавриди муҳокима қарор гирифт. Намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон лоиҳаҳои мухталифро, ки ба инкишофи соҳаи кишоварзӣ нигаронида шудаанд, баррасӣ намуда, онҳоро ҷиҳати тасдиқ ба Ҳамоиши вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколама пешниҳод намуданд.

Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи омодагӣ ба таҷлили даҳсолагии Муколамаи Осиёи Марказӣ+Ҷопон муҳокима гардида, тавсияҳои дахлдор дар ин хусус қабул гардиданд.

Нигористон

Тақвим