Наврӯз, ки мутобиқи Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид чанд соли охир мақоми байналмилалӣ гирифтааст ва ифодагари оғози баҳор, рӯзи нав ва эҳёи табиат мебошад, аз ҷониби ҳамватанони мо дар хориҷа пешвоз гирифта мешавад.
Дар ин рӯзҳо дар як қатор кишварҳои ҷаҳон бо ибтикори намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа дар якҷоягӣ бо сафоратҳои кишварҳои ҷашнгирандаи Наврӯз Рӯзи байналмилалии Наврӯз бо иштироки ҳамватанон, донишҷуёни тоҷикистонӣ ва меҳмонон, аз қабили роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ, шахсони расмии кишвари иқомат, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва воситаҳои ахбори омма таҷлил карда шуд. Аз ҷумла, Наврӯзро дар намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Москва, Боку, Ашқобод, Минск, Пекин, Берлин, Париж, Ал-Кувайт, Брюссел, Женева ва дар бисёр шаҳрҳои дигар бо як шукӯҳи хоса ҷашн гирифтанд.
Зимни ҷашни Наврӯз намоишгоҳи миллӣ ва суннатии ҳар як давлати ҷашнгирандаи Наврӯз ташкил карда шуд. Аз ҷумла намоишгоҳи Тоҷикистонро мизҳои “Ҳафтсин ва Ҳафтшин”, лавҳаҳои рассомон бо тасвири табиати зебои кишвар, сӯзаниҳо, ҷомаву хилъатҳои суннатии мардонаву занона, китобҳо оид ба Тоҷикистон ва таомҳои миллӣ оро медоданд.
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар таҳкими пайвандҳои дӯстию бародарӣ, шиносоии доираи васеи мардум ба таъриху фарҳанги асил ва бостонии тоҷикон ва дигар халқҳои ҳамфарҳанг саҳми арзанда гузошт.
Маълумоти муфассалро дар бораи ҷашни Наврӯз дар сомонаи намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ пайдо карда метавонед.