Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии об дар Токио

27.03.2014 16:50

Бо қарори Маҷмаи Умумии СММ 22 март Рӯзи умумиҷаҳонии об эълон шуда, ҳамасола ин рӯз дар миқёси ҷаҳон бо баргузории чорабиниҳои мухталиф ҷашн гирифта мешавад. Имсол чорабиниҳои расмӣ ба муносибати таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии об санаҳои 20-21 март дар шаҳри Токиои Ҷопон таҳти васояти Донишгоҳи СММ ва Созмони рушди саноати СММ (UNIDO) баргузор гардиданд, ки дар онҳо ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов ширкат варзид.

Ҳадафи аслии таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии об ин мусоидат ба дарки бештари аҳамияти қазияи об дар ҷаҳони имрӯз ва зарурати истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, ҳамчунин тарғиб ва ташвиқи табақаҳои мухталифи ҷомеа ба ҳифзу барқарорсозии захираҳои обӣ маҳсуб мешавад.

Чорабиниҳои Рӯзи умумиҷаҳонии об бо паёми видеоии Дабири кулли СММ Пан Ги Мун оғоз ёфта, бо муаррифии Гузориши СММ оид ба рушди захираҳои обӣ дар ҷаҳон идома ёфт. Гузориши мазкур бо шикрати 31 муассисаи тахассусии низоми СММ ва созмонҳои байналмилалии шарик омода шуда, ҳамбастагии обу нерӯро дар миқёси ҷаҳон ҷиҳати таъмини рушди устувор мавриди баррасӣ қарор додааст. Муаллифони Гузориш об ва нерӯро ду омили калидии рушди устувор дар давраи пас аз соли 2015 номида, назари навро ба пайванди обу нерӯ ва ҳамкории зичу ҳамаҷонибаро дар ҳалли масоили обу нерӯ зарур шуморидаанд.

Дар доираи таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии об ҳамчунин Иҷлоси сатҳи баланд дар мавзӯи “Ҳамбастагии обу нерӯ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор” бо ширкат ва суханронии валиаҳди императори Ҷопон Наруҳито баргузор гардид. Дар мубоҳисаҳо зимни ин Иҷлос муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи усулии кишварро доир ба рушди гидроэнергетика, ки  ба сиёсати ҷаҳонии истифодаи манбаҳои таҷдидпазири нерӯ мутобиқати комил дорад, таъкид намуда, ҳамкорӣ, эътимоди мутақобил ва эҳтироми манфиатҳои ҷонибҳоро аз аслҳои муҳимтарин дар ҳалли масъалаҳои обу нерӯ ба шумор овард.

Дар хотимаи Рӯзи умумиҷаҳонии об намояндагони Ҷумҳурии Корея доир ба омодагӣ ба Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об, ки моҳи марти соли 2015 дар шаҳри Тэгуи Корея баргузор мешавад, ҳамчунин намояндагони Шветсия доир ба омодагӣ ба Ҳафтаи ҷаҳонии об, ки моҳи августи соли 2014 дар шаҳри Стокголм доир мешавад, маълумот доданд ва ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро барои ширкат дар ин чорабиниҳои муҳим даъват намуданд.

Нигористон

Тақвим