Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Раиси Бонки рушди исломӣ

01.03.2013 10:10

30 марти соли 2014 дар қароргоҳи Бонки рушди исломӣ дар Ҷидда, Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Раиси Бонки мазкур Аҳмад Муҳаммад Алӣ дидор намуд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди исломӣ дар заминаҳои гуногун, ба хусус дар чаҳорчӯби татбиқи се ҳадафи роҳбурдии кишвари мо: расидан ба истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти нақлиётӣ ва таъмини амнияти ғизоӣ баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз натиҷаҳои ҳамкории босамари бисёрсола, омодагии худро ба татбиқи лоиҳаҳои нави муҳимми зербиноӣ таъкид намуданд.

Раиси Бонки рушди исломӣ саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар густариши ҳамкории кишварҳои узви Бонки мазкур баланд арзёбӣ карда, дар Душанбе майи соли гузашта баргузор шудани иҷлоси 38-уми Шӯрои мудирони Бонки рушди исломиро руйдоди бисёр муҳимми байналмилалӣ номид.

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Раиси Бонки рушди исломӣ

Нигористон

Тақвим