Мулоқот бо Мудири кулли Дафтари СММ оид ба рушди саноат (UNIDO) Ли Ёнг

23.10.2017 03:17

19 октябри соли 2017 дар ҳошияи машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Мудири кулли Дафтари СММ оид ба рушди саноат (UNIDO) ҷаноби Ли Ёнг мулоқот намуд.

Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва UNIDO изҳори қаноатмандӣ намуда, лоиҳаҳои “Навсозӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар бахши қолинбофӣ ва кашидадӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Мусоидат ба рушди фарогир ва устувори саноат дар камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи Абрешими нав: таҳкими қудрати паркҳои саноатӣ, минтақаҳо ва шаҳрҳо дар Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон”-ро намунаи хубӣ ҳамкорӣ номиданд.

Музаффар Ҳусейнзода аз ҷаноби Ли Ёнг ва ниҳоди зердасти ӯ ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои судманд бо Тоҷикистон, аз ҷумла дар раванди татбиқи Стратегияи миллии рушд то соли 2030 ва дастгирӣ дар раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028 даъват ба амал овард.

Мулоқот  бо Мудири кулли Дафтари СММ оид ба рушди саноат (UNIDO) Ли Ёнг

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим