Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ

31.03.2014 17:10

31 марти соли 2014 дар ш.Риёз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар оғози боздиди расмии худ аз Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо Вазири корҳои хориҷии он кишвар шоҳзода Сауд ал-Файсал мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқоти мазкур доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои дучонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми тарафайн баррасӣ ва муҳокима шуданд.

Ҷонибҳо бо ишора ба имконияту зарфиятҳои густурдаи ҳамкории мутақобилан судманд байни ду кишвар, омодагӣ ва рағбати худро ба таҳким ва тавсеаи бештари муносибатҳои дуҷониба дар заминаҳои гуногун баён карданд.

Пас аз анҷоми мулоқот Ёддошти тафоҳум дар бораи ройзаниҳои дуҷонибаи сиёсӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба имзо расид.

Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ

Нигористон

Тақвим