3 апрели соли 2014 дар шаҳри Москва ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор гашт.
Дар кори ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ Маҳмудҷон Собиров иштирок кард.
Зимни ҷаласа «Баёнияи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СААД доир ба интихоботи карибулвуқӯъи президентӣ дар Афғонистон», «Баёнияи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СААД оид ба авҷ гирифтани шиддатнокӣ дар Шимолу Ғарбии Сурия» қабул карда шуданд, инчунин ҳуҷҷатҳои зерин мавриди муҳокима қарор гирифтанд: «Нақшаи машваратҳои намояндагони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа барои нимаи дуюми соли 2014 – нимаи якуми соли 2015», «Феҳристи мавзӯи эъломияҳои муштарак барои соли 2014», «Дар бораи дастурамал оид ба ташкил намудани фаъолияти муштараки тарғиботию намоишгоҳӣ дар соҳаи ҳамкориҳои ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ».
Иштирокчиёни ҷаласа инчунин масъалаҳои вобаста ба вазъият дар ҳудуди уҳдадории Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва минтақаҳои атрофи он, такмили ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷӣ ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаи итилоотиро баррасӣ намуданд.