4 апрели соли 2014 нахустин машваратҳои сиёсии байниидоравии Вазорати корҳои хориҷиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Латвия дар ш.Душанбе баргузор гардид.
Ҷониби Тоҷикистонро Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов ва ҷониби Латвияро Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Латвия оид ба масъалаҳои сиёсӣ Эдуардс Спитрайс муаррифӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ тарафайн доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Латвия, омодагӣ ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Латвия ба Тоҷикистон, баррасии ҳамкориҳои минтақавӣ ва инчунин ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва вазъият дар Афғонистонро муҳокима намуданд.
Ғайр аз ин, зимни вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2014-2020 муҳокима гардиданд.