10 апрели соли 2014 Муовини Вазири корҳои хориҷии кишвар Низомиддин Зоҳидов Намояндагони Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот фаъолияти КБСС дар кишвари мо, барномаҳои расонидани кӯмакҳои гуманитарӣ ба ҷабрдидагоне, ки аз минаҳо, офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулода осеб ёфтаанд, муҳокима гардиданд. Нақши КБСС дар расонидани кӯмак ба оилаҳои ашхосашон бедаракшуда ва дигар табақаҳои осебдидаи аҳолӣ бо қаноатмандӣ таъкид гардид.
Бо сабаби ба анҷом расидани муҳлати фаъолияти Сардори КБСС дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Северин Шаппаз, Муовини Вазири корҳои хориҷӣ ба номбурда номаи сипоси Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Асловро супурд. Дар номаи мазкур натиҷаҳои назарраси фаъолияти Хонум Северин Шаппаз қайд гардидаанд.
Низомиддин Зоҳидов Намояндаи навтаъиншудаи КБСС дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андре Пакеро муборакбод гуфта, дар фаъолияти кориаш бурдбориҳо таманно кард.