21 апрели соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Нунсии Апостолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Сафири Ватикан) ҷ-би Мигел Маури Буэндияро қабул намуд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо муносибатҳои дуҷонибаро ҳамроҳ бо масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.