Вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Вазири корҳои хориҷии Корея

24.04.2014 08:36

23 апрели соли 2014 дар доираи баргузории иҷлоси ҳаштуми Форуми ҳамкории “Ҷумҳурии Корея-Осиёи Марказӣ”, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея ҷ-би Юн Бёнг-се Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидовро ба ҳузур пазируфт.

Н. Зоҳидов ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея номаи тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Кин-ҳе супорид, ки дар он ба сабаби ҳалокати одамони зиёд дар натиҷаи садамаи киштии мусофирбари Корея изҳори ҳамдардӣ карда шудааст.

Дар вохӯрӣ Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон манфиатдории амиқи кишварро ба рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Корея, ҷалби сармоя ва фановариҳои ҷадиди кореягӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон иброз намуд.

Вазири корҳои хориҷии Корея рағбати раҳбарияти олии кишварашро ба таҳкими робитаҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби Форуми ҳамкории “Ҷумҳурии Корея-Осиёи Марказӣ” таъйид намуд.

Нигористон

Тақвим