Эълон барои намояндагони ВАО доид ба баргузории брифинг

30.04.2014 11:55

2 майи соли 2014, соати 11:00 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг барои намояндагони ВАО дар бобати сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад гашт. Ба брифинг намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ даъват карда мешаванд.

Зимни брифинг инчунин маводҳо роҷеъ ба сафари расмии Президенти Туркманистон ва ҳамкорҳои дуҷониба паҳн карда хоҳанд шуд.

Нигористон

Тақвим