7 майи соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ҷ-би Кевин Алленро ба муносибати таъйин шуданаш ба вазифаи Роҳбари Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба умури паноҳандагон дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти мулоқот Кевин Аллен эътимодномаи худро ба Вазири корҳои хориҷӣ супорида, омодагии худро барои пешбурди фаъолият ва ҳадафҳои ояндаи Намояндагии Комиссари Олии СММ оид ба умури паноҳандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор кард.
Дар навбати худ, Вазири корҳои хориҷӣ Роҳбари нави Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ дар Тоҷикистонро барои ба ин вазифаи пурмасъул таъин шуданаш табрик гуфта, барои фаъолият ҷиҳати таъмини ҳимоя ва кӯмак ба паноҳандагон дар кишвар изҳори қаноатмандӣ кард ва ба амалиёти минбаъдаи он созмон муваффақиятҳо орзу намуд.