Ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони доимӣ ва ваколатдори давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

24.05.2018 11:58

22 майи соли 2018 дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ш. Минск, таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони доимӣ ва ваколатдори давлатҳои иштирокчии Иттиҳод дар назди мақомоти расмӣ ва мақомоти дигари ИДМ баргузор гардид. Бо ибтикори Сафорат дар рўзномаи љаласа банди алоњида рољеъ ба Конфронси байналмилалии сатњи баланд оид ба Дањсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ворид карда шуд.

Тибќи рўзномаи љаласа аъзои Шўро, доир ба рафти иљрои Ќарори Шўрои намояндагони доимии Иттињод аз 18 апрели соли 2017 оид ба баланд бардоштани самаранокии дастгирии иттилоотии ИДМ ва рољеъ ба рафти фаъолияти сомонањои маќомоти Иттињоди Давлатњои Мустаќил мубодилаи афкор намуданд. Њамзамон мутобиќи рўзномаи љаласаи навбатии Шўрои вазирони корњои хориљї ва Шўрои сарони давлатњои ИДМ, ки рўзњои 27 ва 28 сентябри соли љорї дар шањри Душанбе баргузор мегардад, пешнињодњо ба лоињањои рўзнома мавриди муњокима ќарор дода шуданд.     

Дар рафти ҷаласа, Раиси Шӯро, Намояндаи доимӣ ва ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти расмӣ ва мақомоти дигари ИДМ, Сафири Фавќулода ва Мухтори Љумњурии Тољикистон дар Љумњурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод таваҷҷӯҳи ҳозиринро оид ба ташаббуси љањонии Тољикистон дар соњаи об ва маќсади баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Дањсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва шарикони дигар баргузор мегардад, љалб намуд.

Дар робита, Сафир аз њамаи намояндагони давлатњои аъзои ИДМ, ҷиҳати иштироки фаъоли намояндагони кишварҳояшон дар кори Конфронси мазкур даъват ба амал овард.
 


Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)

Нигористон

Тақвим