29 майи соли 2018 дар қароргоҳи СММ мулоқоти Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов бо Муовини Дабири Кулл ва Мудири Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд “Мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”-ро, ки 3-4 майи соли 2018 дар пойтахти Тоҷикистон ш. Душанбе баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар рафти суҳбат ҳамчунин масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо сохторҳои зиддитеррористии СММ ва дурнамои рушди иқдомҳои якҷоя дар самти мазкур мавриди муқокима қарор гирифтанд.