15 майи соли 2014 мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов бо ҳайати Конфедератсияи Швейтсария таҳти роҳбарии Директори генералии Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушд Мартин Даҳинден барпо гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба вазъият ва имконияти тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду давлат мубодилаи афкор намуданд.
Мусоҳибон қайд намуданд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Швейтсария дар сатҳи хуб қарор доранд ва иқтидори бузург баҳри рушди онҳо вуҷуд дорад.
Инчунин масъалаҳои минтақавӣ, аз ҷумла вазъияти амниятӣ бо дарназардошти хуруҷи нерӯҳои коалитсионӣ аз Афғонистон мавриди баррасӣ қарор доштанд.