26 майи соли 2014 дар Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Раиси Анҷумани миллии Покистон Сардор Аёз Содиқ баргузор гардид.
Масъалаҳои авлавиятноки густариши ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсат, тиҷорату иқтисод, нақлиёту энергетика, сармоягузории тарҳҳои муштарак, ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва вазъият дар Афғонистон дар меҳвари мулоқоти мазкур қарор доштанд.
Ҷонибҳо бо ишора ба наздикии ҷуғрофӣ, муштаракоти таърихӣ ва фарҳангии ду кишвар, омодагии худро ба таҳким ва тавсеаи бештари муносибатҳои ҳамкорӣ дар тамоми заминаҳо таъкид карданд.