26 майи соли 2014 вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Италия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Риккардо Манара барпо гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Италияро баррасӣ намуданд. Дар робита ба ин, махсусан иқтидори ҳамкории ду давлат дар соҳаҳои тиҷорат ва туризм қайд карда шуд.
Ҳамчунин мусоҳибон роҷеъ ба вазъият дар Афғонистон ва дар минтақа мубодилаи афкор намуданд.