Мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Муовини Раиси Кумитаи Ҳизби Комунистии Чин дар музофоти Гансу

27.05.2014 08:34

26 майи соли 2014 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши Муколомаи Ҳамкории Осиё оид ба эҳёи Роҳи Абрешим ба маркази маъмурии музофоти Гансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин –шаҳри Ланҷоу сафар намуда, худи ҳамон рӯз бо Муовини Раиси Кумитаи Ҳизби Комунистии Чин дар музофоти Гансу Оуянг Ҷиянг ва роҳбарияти Ҳукумати Халқии музофоти мазкур мулоқот доир намуд.

Дар аснои мулоқот табодули назар доир ба ташаббуси Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Зин Пин доир ба бунёди навори иқтисодӣ дар Роҳи Абрешими таърихӣ сурат гирифт.

Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки татбиқи ин ташаббус барои рушди ҳамкорииҳои гуногунҷанба миёни кишварҳо, аз ҷумла миёни Тоҷикистон ва Чин, ки дар сари Роҳи Бузурги Абрешим қарор доранд, аҳамияти фавқуллода муҳим дорад.

Дар партави рушди ҳамшарикии стратегӣ миёни ду кишвар ҷониби чинӣ манфиатдории худро ба роҳандозии ҳамкориҳои амалӣ миёни муассисаву ширкатҳои музофоти Гансу бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла нерӯи таҷдидшаванда, кашф ва истихроҷи маъдан, саноати нафту кимиё ва тарбияву табодули кадрҳо баён намуданд.

Ҳамчунин роҳбарияти музофоти Гансу хоҳиши худро барои роҳандозии муносибатҳои бародаршаҳрӣ бо шаҳру вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд.

Бояд қайд кард, ки Музофоти Гансу дар сари Роҳи Бузурги Абрешими таърихӣ, дар шимоли қисмати марказии Чин ҷойгир буда, теъдоди аҳолиаш беш аз 26 миллион нафар ва маҷмуи маҳсулоти дохилиаш дар ҳудуди 100 миллиард доллари ИМА аст.

Мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Муовини Раиси Кумитаи Ҳизби Комунистии Чин дар музофоти Гансу

Мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Муовини Раиси Кумитаи Ҳизби Комунистии Чин дар музофоти Гансу

Нигористон

Тақвим