Мақолаи муҳаррири китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” ба забони фаронсавӣ (Les Tadjiks dans le miroir de l’histoire)

29.05.2014 08:22

Профессор, доктор Бруно Оверлет аз Донишгоҳи Гент ва Осорхонаи шоҳаншоҳии санъат ва таърихи Шоҳигарии Белгия         

Нашри фаронсавии китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” зери таълифи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст дар Парлумони Аврупо моҳи марти соли 2014, сипас дар Осорхонаи шоҳаншоҳии санъат ва таърих дар ш.Брюссел моҳи майи соли равон ба олимони пешсафи Иттиҳоди Аврупо муаррифӣ гардид. Нашри фаронсавӣ пайрави тарҷумаҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, арабӣ, хитоӣ ва форсии китоби мазкур буда, як навъи роҳнамое ба олами Тоҷикистон барои ҷамъиятҳои фаронсавизабони чунин кишварҳо, ба монанди Белгия, Фаронса, Люксембург, Канада ва дигар давлатҳои франкофонии ҷаҳон мебошад. Мусаввараҳои рангоранги ҳайкалҳо ва бозёфтҳои ҳафриётӣ матни китобро ғанӣ мегардонанд. Ширкати иттилоотию консалтингии Биг Медиа Груп, ки тарҳи китобро бо чопи он таъмин намуд, як ҷилди хеле ҷолиб тавлид сохт, ки хонандаро ба хониши басо ҳавасангез водор мекунад!

Китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” як китоби ғайриоддиест дар бораи таърихи Осиёи Марказӣ. Он дар бобати таърих ва асл тавассути ҳиссиёт ва таассуроти тоҷики ҳозиразамон, ки решаҳояш амиқ дар фарҳангу таърихи форсӣ ҷой доранд, ақидаи хеле шахсиро пешкаш менамояд. Ҳеҷ кас беҳтар аз Эмомалӣ Раҳмон мушкилотеро, ки бо он давлати Тоҷикистон пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ мувоҷеҳ мешуд, намедонад ва намефаҳмад. Дар боби аввал ин давраи пуризтироб инъикос меёбад, ки ба ташаккули Тоҷикистони ҳозира ва таҳкими асли тоҷикон овардааст. Дар баъзе мавридҳо дар тамоми китоб ҷойгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар олами муосир дар партави таърихи навини он ифода ёфтааст ва Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои асосии демократия ва ваҳдати миллиро муҳокима намудааст.

Китоб аз ду қисм иборат аст. Қисми якуми он асли фарҳангӣ ва асотирии олами тоҷикро зери қалам оварда, қисми дуюм бошад ба ташаккули давлатдории форсӣ ва ҳиндуаврупоӣ ё ориёӣ тамаркуз менамояд. Биёед нахуст қисми дуввуми китобро шарҳ медиҳем. Боби якуми он ба Тоҷикистони ҳозира дар партави рӯйдодҳои асрҳои 20 ва 21, пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ бахшида шудааст. Тавассути омезиши воқеаҳои таърихӣ бо таҷрибаи аввалия ва андешаву рӯйдодҳои шахсӣ, боби мазкур ба хонанда усули хеле инфиродӣ ва пуртаъсири Эмомалӣ Раҳмон манзур менамояд. Ҳамзамон, хонанда бо дарки амиқи таърихи қадим, ки бо низоми маориф таъмин гардид ва ҳамчун варақаи доимии боздиди сиёсӣ ва фарҳангии давлати муосир эътироф ёфтааст, рӯбарӯ мешавад. Се боб, ки ба таърихи кӯҳан тааллуқ доранд, мутаносибан давлатҳои Ҳахоманишиҳо, Селевкидҳо ва Турониёнро муҳокима карда, ба низоми сиёсӣ ва маъмурии онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Қисми аввали китоб ба асли фарҳангӣ ва таърихи тоҷикон бахшида шудааст. Он аз мунозираи кӯтоҳ дар бораи Роҳи бузурги абрешим оғоз меёбад, ки унвони он асосан аз давраи парфянҳо маъруф будааст, ҳол он ки тиҷорат дар ин масир хеле барвақттар оғоз ёфта буд. Аллакай дар ҳазораи сеюм, Бадахшон Месопотамия ва Мисрро бо лоҷвард таъмин менамуд, ки дар навбати худ шаҳодати мавқеи марказии Тоҷикистон дар шабакаи роҳҳои тиҷоратӣ мебошад. Сохтмони идомаёбандаи роҳҳои муосир, ки қаламрави Хитойро бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна мепайвандад, мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун маркази бузурги нақлиётии шабакаи тиҷоратӣ дигаргун хоҳад сохт. Ба монанди Роҳи абрешим, дарёи Вахш низ дорои аҳамияти махсус аст. Дар соҳилҳои дарё, ки тавассути кӯҳҳо мешорад, иншооти бузурги эллинистӣ бо ибодатхонаҳо ва қалъаҳо сохта шуданд. Хазинаи машҳури Амударё, ки ҳоло дар Осорхонаи Британия дар Лондон маҳфуз аст, яке аз ганҷҳои бисёре мебошад, ки дар бораи ҷамъияти рушдёфтаи ин қисмати Осиё шаҳодат медиҳад. Ҳамчунин дар ин минтақаҳо асли Авасто ва рушди дини зардуштӣ таҳқиқ карда мешаванд. Ҳол он ки бисёре аз матнҳои муқаддас дар давраи Сосониён ё оғози таърихи Ислом сабт гардида буданд, онҳо расму оин ва динҳои хеле қадимтарро инъикос мекунанд. Зардушт, ки тибқи ақидаи баъзеҳо бисёре аз ин эътиқодҳоро муқаддас эълон кард, эҳтимолан дар асри 7 то милод умр ба сар мебурд. Ҳамзамон, ба хонанда на танҳо факту рақамҳо пешкаш мегарданд, балки нақл карда мешавад, ки чи тавр Эмомалӣ Раҳмон бо ин маълумоти таърихӣ шинос шуд, чи тавр ӯ корҳои илмиро дар маҷаллаҳои ба колхоз дастрасшаванда дарёфт менамуд ва то чи андоза ӯ аз хондани чунин матолиб ба ваҷд меомад.

Аз хониш дар бораи дини зардуштӣ, ин танҳо як қадами хурдест ба самти корҳои таърихшиносон, олимон ва шоирони исломӣ, ба монанди ал-Берунӣ ва ал-Масудӣ. Яке аз асарҳои таъсирбахш албатта Шоҳномаи Абулқосим Фирдавсӣ (т. сс. 940-1020) боқӣ мондааст, ки таърихи олами форсро аз ташаккулёбиаш то заволи Сосониён аз ҷониби арабҳо дар миёнаҳои асри 7 тасвир мекунад. Фирдавсӣ аз таърих илҳом гирифта, асарҳои барвақти таърихӣ, афсонаҳои асотирӣ, унсурҳои Авасто ва дигар матнҳои зардуштиро дар як достони эпикӣ ҷамъ овард, ки дорои қариб 60 000 қитъаи қофиядор мебошад. Дар баробари он, ки ӯ давраҳои дертарро аз ҷиҳати таърихӣ дақиқ шарҳ медиҳад, андешаҳояш дар бораи сулолаҳои қадимтарини подшоҳӣ баҳснок ҳастанд. Эмомалӣ Раҳмон муаррихони ба монанди Ю.Ёқубовро, ки ба моҳияти таърихии баъзе аз ин асотирҳо ва сулолаҳои барвақти бо асли қадими тоҷикон рабтдошта мӯътақиданд, дастгирӣ менамояд.

Шоҳнома рамзи мероси умумии форсӣ буда, чуноне ки забон ва фарҳангӣ муштарак, он ҳиссиётеро ифода менамояд, ки Эмомалӣ Раҳмон онро ҳангоми ба сарзамини Эрон қадам задан ба тасвир меорад. Таърихи Тоҷикистон дар бештари мавридҳо бо сулолаи Сомониён муайян карда мешавад, вале он қисмати фарҳанги васеътари форсӣ бо решаҳои хеле қадимтараш мебошад. Эмомалӣ Раҳмон ба хонанда дарки онро, ки чи тавр мардуми тоҷик ба гузаштаи худ ва асли худ нигоҳ дорад, пешкаш мекунад ва аз ин лиҳоз дар унвони китоб “дар оинаи таърих” омадааст. Китоби номбурда хониши хеле ҷолиб барои онҳоест, ки мехоҳанд тарзи тафаккури тоҷикон ва андешаҳои онҳоро оид ба мафҳумҳои гуногун, ба монанди асли миллӣ ва рушди иқтисодӣ фаҳманд. Муаллиф ба хонанда нигоҳи махсусро ба олами дигар пешкаш менамояд. Китоби мазкур барои ҳар сиёсатмадор, соҳибкор, олим ва ё сайёҳи оддие, ки ба олами форсизабон ё Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳ дорад, маводи ҳатмист. Он тарзи идомаи ташаккули қисмати бештари таърихи ҳозираи Тоҷикистонро аз ҷониби анъанаҳо ва мафҳумҳои таърихӣ маънидод мекунад.

Нигористон

Тақвим