Дар доираи иштирок дар Конфронси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Ҷунбиши Адами Тааҳҳуд вохӯриҳои Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Ҷунбиши Адами Тааҳҳуд, аз ҷумла бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зирор Аҳмад Усмонӣ, бо муовини Дабири кулли СММ Сусана Малкорра ва намояндаи Барномаи Ҷаҳонии Озуқаворӣ баргузор шуданд.
Дар рафти мулоқоту суҳбатҳо масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
30 майи соли 2014 ҳайъати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов дар чорабинӣ бахшида ба 50-солагии Гуруҳи 77 ва Хитой ширкат варзид.