2 июни соли 2014 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот миёни ҳайати Тоҷикистон бо иштироки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ва Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Раҳмон Озода Эмомалӣ бо ҳайати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зери роҳбарии Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масоили Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ хонум Ниша Бисвал баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ роҷеъ ба омодагӣ ба Машваратҳои дуҷонибаи солона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА, доир ба ҳамкориҳои дуҷониба, масъалаҳои минтақавӣ ва инчунин мавзӯҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.