Машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва ИМА

03.06.2014 17:39

3 июни соли 2014 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ Озода Раҳмон Эмомалӣ Машваратҳои сиёсии навбатии дуҷонибаи солона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар он намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Чумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи давлатии ИМА, инчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҳар ду кишвар ширкат варзиданд, баргузор гардид.

Дар рафти машваратҳо, масъалаҳои амниятӣ, ченаки инсонӣ, масоили рушди иқтисодӣ ва масъалаҳои ҳамкории дуҷониба баррасиӣ гаштанд.

Машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва ИМА

Дар маърӯзаи худ Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ суръати вусъатёбандаи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикиро қайд намуд. Бо камоли қаноатмандӣ сатҳи баланди муносибатҳои дуҷониба, ки солҳои охир ба даст расидааст, қайд гардид ва изҳори умед карда шуд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои мутақобилан судманд идома хоҳанд ёфт. Ҳамзамон, масъалаҳои идомаи муколамаи мунтазами сиёсӣ байни кишварҳо, мукаммалсозии пояи шартномавӣ-ҳуқуқии дуҷониба, фаъол гардонидани ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ таҳти муҳокима қарор гирифт. Зимни суханронии худ Раҳмон Озода Эмомалӣ нақши ИМА дар эътилофи байналмилалии зиддитерористӣ дар Афғонистон ва таъсири мусбии онро ба  вазъи умумии амниятии минтақа қайд намуд. Дар ин росто, инчунин фаъолияти USAID дар Тоҷикистон баланд арзёбӣ гардид.

Ёвари котиби давлатии ИМА Ниша Десай Бисвал муносибатҳои дуҷонибаро баланд арзёбӣ карда, ба ҷониби Тоҷикистон барои иқдомҳои фаъол ва тахассуснок, ки ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба равона гардидаанд, изҳори миннатдорӣ кард. Ба ақидаи Ёвари котиби давлатии ИМА, машваратҳо бори аввал самараноктар ва фаъолтар баргузор гардида, он ба сатҳи тахассусии назаррас бардошта шуд. Изҳори умед карда шуд, ки дар оянда низ ҷонибҳо ин сатҳи бадастрасидаро нигоҳ медоранд.  

Дар рафти машваратҳо масоили амниятӣ баррасӣ гашта, дар он ҷонибҳо оид ба ҷолишҳои мавҷуда, ки аз ҷониби гурӯҳҳои гуногуни ифротӣ ва террористӣ дар минтақа маншаъ мегиранд, ақидаи яксонро изҳор карданд.

Дар мавриди масъалаҳои озодӣ ва ҳуқуқҳои инсон, намояндагони амрикоӣ сатҳи муколамаи мавҷударо дар ин соҳа баланд арзёбӣ карданд.

Зимни баррасии масъалаҳои иқтисодӣ, ҳамкории фаъол дар соҳаи энергетикӣ байни се кишвар Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон қайд гардид. Намояндагони Котиботи давлатии ИМА ислоҳоти иқтисодии дар Тоҷикистон ҷараёндошта ва ҳамкориҳои иқтисодии дуҷонибаро мусбат баҳо доданд.

Дар анҷоми чорабинӣ ҷонибҳо ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои самаранок ва мутақобилан судманд изҳори умед карданд ва ба машваратҳои баргузоргашта баҳои мусбат доданд.

Машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва ИМА

 

Нигористон

Тақвим