Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Русия

04.06.2014 10:31

3 июни соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фроловро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо рафти иҷрои қарордодҳои дуҷониба, муҳтавои мубрами ҳамкориҳои миёни ду кишвар, вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар самтҳои сиёсӣ, ҳарбию техникӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, инчунин роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ табодули назар намуданд.

Ҳангоми вохӯрӣ, аз ҷумла, ҷанбаъҳои машваратҳои сиёсии ду ҷониб, ки тибқи Барномаи ҳамкории байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия дар соли 2014 доир шуданд, арзёбӣ гардида, аз натиҷаи онҳо изҳори қаноатмандӣ зоҳир гардид.

Қайд гардид, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия дар раванди ҳамкориҳои мутақобилан муфид таҳкиму густариш ёфта, дар маҷмӯъ ҳамаи самтҳои ҳамкориро фарогиранд.

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Россия

Нигористон

Тақвим