Суханронии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ дар Мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 73-юми Маҷмаи Умумии СММ

03.10.2018 08:50

1 октябри 2018 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ҳамчун роҳбари ҳайати кишвар дар Мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 73-юми Маҷмаи Умумии СММ суханронӣ намуд. Дар рафти суханронӣ Намояндаи доимӣ аз чолишҳои замони муосир, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, терроризм ва экстремизм, муноқишаҳо, нобаробарӣ, камбизоатӣ, норасоии таълим, камбуди имкониятҳои иқтисодӣ ва афзоиши бекорӣ ёдрас гардида, онҳоро монеаи ноилшавӣ ба Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор номид.

Зимни ироаи мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба барномаи ҷаҳонии рушд, Намояндаи доимӣ ба зарурати расонидани кӯмак ба кишварҳои дар вазъияти махсус қарордошта, аз ҷумла кишварҳои қитъаи Африка, давлатҳои камтараққӣ, рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ ва ҷазиракишварҳои хурд таъкид намуд.

Намояндаи доимӣ ҷиҳати густариши кӯмаки мақсаднок ба Афғонистон, ки ба барқарорсозии иқтисодӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоии он кишвар равона шудааст, даъват ба амал овард.

М. Маҳмадаминов ҳамчунин Маҷмаи Умумии СММ-ро бо натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланди “Мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (3-4 майи соли 2018, ш. Душанбе) ва Конфронси байналмилалии Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028” (20-22 июни 2018, ш. Душанбе) шинос намуд.

Дар фарҷоми суханронӣ М. Маҳмадаминов аз намояндагони кишварҳои аъзои СММ ҷиҳати дастгирии лоиҳаи қатъномаи аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон пешбаришавандаро таҳти унвони “Бозбинии фарогири миёнамуҳлат оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” даъват ба амал овард.

Суханронии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ дар Мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 73-юми Маҷмаи Умумии СММ

Суханронии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ дар Мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 73-юми Маҷмаи Умумии СММ


Созмони Миллали Мутаҳид

Нигористон

Тақвим