Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Латвия

10.06.2014 18:31

10 июни соли 2014 вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Латвия Эдгарс Ринкевичс баргузор гашт.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Латвияро дар заминаи тавофуқҳое, ки дар натиҷаи мулоқоти сарони ду кишвар дар шаҳри Душанбе 10 июни соли ҷорӣ ҳосил шуд, баррасӣ намуданд.

Зимни мулоқот таваҷҷуҳи хосса ба роҳҳои татбиқи амалии созишномаҳои дуҷониба, тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистон ва Латвия ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди соҳибкорон ва дигар доираҳои алоқаманди ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф зоҳир гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар атрофи вазъи Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ ва зарурати татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ, ки ба рушди иқтисодии ин кишвар ва беҳдошти соҳаҳои иҷтимоии он равона шудаанд, гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Суҳбат дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ баргузор шуд.

Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Латвия

Нигористон

Тақвим