12 июни соли 2014 Роҳбари навтаъйиншудаи Намояндагии Созмони Озуқаворӣ ва Кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виорел Гутуро ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Эътимодномаи худро супорид.
Пас аз супоридани эътимоднома, суҳбат баргузор шуд, ки дар рафти он Вазир мавсуфро ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ ҷиҳати амалигардонии фаъолияти касбиаш комёбиҳо таманно кард.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои рушди ояндаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Созмонро муҳокима намудаанд.