17 декабри соли 2018 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ, ки ба масъалаи Афғонистон бахшида шуда буд, ширкат ва суханронӣ намуд.
М. Маҳмадаминов зимни суханронии худ мавқеи кишварро оид ба Афғонистон иброз намуда, зарурати пиёдасозии амалҳои ҳамоҳангшуда ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавиро нисбат ба масъалаҳои таъмини рушду шукуфоӣ дар минтақа таъкид сохт.
Намояндаи доимӣ ҳамчунин аз таҳдиду чолишҳои марбута, ба вежа терроризм, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ёдрас гардида, таъкид намуд, ки Тоҷикистон ҳамеша омодаи ҳамкорӣ ва кӯмак ҷиҳати истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон мебошад.