Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо узви Котиботи СММ доир ба масъалаҳои об ва беҳдошт

30.06.2014 10:09

29 июни соли 2014 дар Токио, дар доираи сафари расмии худ ба Япония Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо узви Котиботи СММ доир ба масъалаҳои об ва беҳдошт ҷ-би Кендзо Ҳироки мулоқот анҷом дод.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба масоили робитаҳои Тоҷикистону Япония, ҳамкорӣ дар доираи СММ ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Ҳамзамон оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об, амнияти обӣ ва беҳдошт, аз ҷумла роҷеъ ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки тибқи Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ 67/204 бо унвони «Ҷашни соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об-2013», ки 20-21 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор гашт, мубодилаи афкор сурат гирифт.

Нигористон

Тақвим