Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Дубай, санаи 25 марти соли 2019 таҷлили ҷашни Наврӯзи оламафрӯз дар шаҳри Абу Забӣ сурат гирифт.
Дар чорабинии ҷашнӣ ҳамватанони муқими Амороти Муттаҳидаи Араб, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ва меҳмонони фахрӣ ширкат доштанд.
Ба ҳозирин барномаи фарҳангӣ, дастархони идона ва таомҳои миллии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.