1 июли соли 2014 дар Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири аршади давлатии Британияи Кабир оид ба корҳои хориҷӣ баронесса Саида Варсӣ баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир ва имкониятҳои тавсеаи он дар соҳаҳои мухталиф ва мутақобилан судманд баррасӣ шуданд.
Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба вазъият дар Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ сурат гирифт.
Сироҷидин Аслов ба баронесса Варсӣ барои даъват ба Британияи Кабир арзи сипос намуд ва изҳори умед кард, ки муносибатҳои ду кишвар густариши бештар хоҳанд ёфт.