ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

10.04.2019 12:39

Emblem-of-Tajikistan-svg_thumb.png

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб
озод намудани Нозирӣ Хусрав

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Нозирӣ Хусрав бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб ва ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Марокаш озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
10 апрели соли 2019
№1234

Нигористон

Тақвим