9-12 апрели соли 2019 дар ш. Пекин ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар кори ҷаласа Сафир оид ба супоришҳои махсус, Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ Назирмад Ализода роҳбарӣ намуд.
Ҷонибҳо масъалаи вобаста ба омодагии ҷаласаҳои Шӯрои сарони давлатҳо, Шӯрои сарони ҳукуматҳо ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлаҳои аъзои СҲШ, инчунин дигар масоили рӯзномаи ҷаласаи созмонро матраҳ намуданд.