Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, ки бо даъвати ҷониби Туркия бо сафари расмӣ дар он кишвар қарор дорад, 22 апрели 2019 бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Мустафо Шентоп дидору гуфтугӯ намуд.
Дар рафти вохурӣ доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои ду кишвар, аз ҷумла ҳамкориҳои байнипорлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои дуҷониба ва байналмилалии порлумонҳои Тоҷикистон ва Туркия ёдовар шуда, онро бахши муҳими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ва заминаи мусоид барои густариши бештари ҳамкориҳои гуногунҷанба донистанд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба поси хотири бунёдгузор ва сарвари нахустини давлати муосири Туркия Мустафо Камол Ататурк дар оромгоҳи ӯ гулчанбар ва дар китоби ёдбуд ёддошт гузошт.