Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи сафари расмӣ 22 апрели 2019 бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мевлут Чавушоғлу дидору гуфтугӯ намуд.
Дар ҷараёни гуфтушунидҳо доираи васеи масъалаҳои вобаста ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои густариши он ҳамкориҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо дар мавриди ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ, таъмини амният, мубориза бо терроризм, тақвияти заминаи ҳуқуқии муносибатҳо табодули афкор намуданд.
Дар баробари ин ду ҷониб иқдомоти муштараки минбаъдаи худро дар робита ба ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамоҳанг намуданд.
Вазирони корҳои хориҷӣ Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи бойгонӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркияро имзо намуданд.
Аз натиҷаи гуфтушунидҳо вазирони корҳои хориҷии ду кишвар барои намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор намуда, ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб гуфтанд.