Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи сафари расмӣ рӯзи 23 апрели соли 2019 аз ҷониби Ноиби Президенти Ҷумҳурии Туркия Фуат Октай ба ҳузур пазируфта шуд.
Зимни дидор дар робита ба масъалаҳои вобаста ба раванди муносибат ва ҳамкориҳо табодули назар сурат гирифт. Ҷонибҳо аз мавҷудияти имкониятҳои фаровон барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо ёдовар шуда, омодагии ҷонибҳоро барои расидан ба ҳадафҳои муштараки рушд таъкид намуданд.