4 июни 2019 дар Душанбе вохӯрии Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикстон ва Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин росто натиҷаҳои муваффақонаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия, ки моҳи апрели соли равон доир шуд, таъкид гардид.
Мусоҳибон бар он буданд, ки барои татбиқи тавофуқҳое, ки дар сатҳи олӣ ҳосил шуданд, фаъол гардондани ҳамкориҳо дар тамоми заминаҳо зарурӣ мебошад.
Вохӯрӣ чун анъана ва дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифт.