Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Раиси Кумитаи Думаи давлатии Россия оид ба робитаҳо бо ИДМ

31.05.2019 14:27

27 майи соли 2019 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо Раиси Кумитаи Думаи давлатии Россия оид ба робитаҳо бо ИДМ Леонид Калашников баргузор шуд.
 
Зимни суҳбат масъалаҳои таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ, аз ҷумла робитаҳои байнипарламентӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
 
Таваҷҷуҳи асосии ҷонибҳо барои татбиқи қарордодҳое, ки дар рафти сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия дар моҳи апрели соли 2019 ба даст омаданд, нигаронида шуд.
 
Ҳамчунин, роҷеъ ба масоили муҳими ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Россия дар бахшҳои маориф, иқтисод, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ахбори омма табодули назар сурат гирифт.

duma-1.jpg

 

Нигористон

Тақвим